Мулоқоти Пешвои миллат бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлу
Душанбе, 21.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлуро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия ва дигар масоили умдаи рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҷонибдории Тоҷикистонро аз раванди таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дарозмуддати неку дӯстона бо Туркия ва созгории ин мавқеъро бо усули умдаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъкид намуданд.
Ба ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ки дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн роҳандозӣ шудаанд, ишора карда, таъкид гардид, ки дар ин раванд усулҳои пазируфташуда ва халалнопазири дӯстии пойдор, баробарҳуқуқӣ ва эътимоду эҳтироми мутақобила хоси робитаҳои Тоҷикистону Туркия мебошанд.
Ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ қисмати муҳими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия арзёбӣ гардиданд.
Тавре таъкид шуд, имрӯз ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар ба зиёда аз 200 миллион доллари амрикоӣ расидааст ва дар қаламрави Тоҷикистон 88 ширкати туркӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талошҳои минбаъдаи муштарак ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти афзоиши гардиши мол бар нафъи мардумони ду кишвар хоҳанд буд.
Дар мулоқот омодагию ҳавасмандии Ҷониби Тоҷикистон барои идомаи ҳамшарикӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои мушатарак дар бахшҳои истеҳсолии иқтисодиёт таъкид гардида, иштироки Туркия дар татбиқи тарҳҳои марбут ба бунёд ва таҷдиди зерсохторҳои энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсонии Тоҷикистон, ки аҳамияти бузурги минтақавӣ доранд муҳим арзёбӣ карда шуд.
Ҳамчунин зимни мулоқот масоили фарҳангӣ ва ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, ки омили муҳими таҳкими дӯстиву рафоқати байни халқҳои ду давлат мебошанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт .
Дар идомаи сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати муборизаи дастаҷамъонаро ба муқобили терроризму ифротгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои ба амнияти минтақа ва ҷаҳон таъсири ногувордошта , ки Тоҷикистон ва Туркия дар ҷабҳаҳои пеши мубориза бо онҳо қарор доранд, махсус таъкид намуданд.
Муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва ифротгароӣ ба хотири таъмини амнияту суботи ҳарду давлат ва минтақа яке аз соҳаҳои авлавиятноки ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ шуд.
Бо таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон терроризм дину маҳзаб, миллату ватан надошта, ҷониби Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму экстремизм истифода аз “стандартҳои дугона”-ро қабул надорад.
Дар ин замина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Туркия ҷиҳати андешидани чораҳои муассиру таъхирнопазири боздошту истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои даст доштанашон дар аъмоли террористию экстремистӣ мавриди кофтуков қарор дошта дар қаламрави Туркия паноҳ бурдаанд, даъват ба амал оварданд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат зарурати роҳандозии иқдомҳои ҳамоҳангшудаи қатъиро дар самти пешгирии ҳолатҳои тавассути Туркия пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ташкилотҳои террористӣ бо мақсади иштирок дар задухурдҳои минтақаи Ховари Миёна таъкид намуданд.









Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ барои 19 ҳазор аҳолиро ба истифода доданд






