Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар ВМКБ иҷро шуд

Октябрь 21, 2016 09:27

Хоруғ, 21.10.2016. /АМИТ Ховар/. Ҳамасола ҷавонписарони ноҳияи Дарвоз дар ҳудуди вилоят нахустин шуда, ба хизмати Ватан довталабона мераванд. Одатан пас аз як ҳафтаи эъломи даъват нақшаи сафарбаркунӣ ба иҷро мерасад. Чанд соли пеш дар дигар ноҳияҳо ин масъала ба кундӣ ба анҷом мерасид. Сардори комиссариати ҳарбии вилоят Шоҳназар Шаҳмиров изҳор дошт, ки имсол суҳбату мулоқотҳо бо ҷавонони синни даъватӣ, баргузор кардани ҳар гуна маҳфилҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ, дидору гуфтугӯ бо сарбозони қисмҳои низомӣ ва шиносоӣ бо шароити хизмати онҳо имкон дод, ки худи ҷавонон довталабона ба комиссариати низомӣ ҳозир шуда, баъди муоинаи тиббӣ озими сафар ба хизмати Ватан шаванд.
Дар омода кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа низ саҳми арзишманд мегузорад. Дар ин ташкилот барои ҷавонони то синни даъватӣ маҳфилҳои гуногун, амсоли «Мерган», «Алоқачӣ», «Десантчиёни ҷавон», «Ронанда» амал мекунанд ва ҳамасола даҳҳо нафар ба ин давраҳои омӯзишӣ фаро гирифта мешаванд.
Соли равон бо кумаки Кумитаи марказии ин ташкилот бо харҷи 40 ҳазор сомонӣ як бино ба толори варзишӣ табдил дода шуд,а он бо асбобу ашёи варзишӣ таъмин гардид. Акнун дар ин толор ҷавонони шаҳри Хоруғ ҷисми худро обу тоб медиҳанд.

Октябрь 21, 2016 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд