Намояндагони Тоҷикистону IFAD таъмини амнияти озуқавориро баррасӣ намуданд
Душанбе, 26.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди минтақаҳо ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар аз масъалаҳое буданд, ки зимни мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод бо ҳайати намояндагони Бунёди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD), ки таҳти роҳбарии Директори Департаменти Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ Халида Бузар ба Душанбе ташриф овардаанд, баррасӣ гардид.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар доданд, мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, ҷонибҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва ин ташкилоти бонуфузи кишоварзӣ дар самтҳои мазкур баён доштанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






