Ноҳияи Ҷ. Расулов: дурнамои истеҳсоли пахта то имрӯз 71 фоиз иҷро шудааст
Душанбе, 12.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов аз аввали масвим 7640 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, дурнамои истеҳсоли пахтаро то 11 октябр 71 фоиз иҷро намуданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, пахтакорони ноҳия бо истифода аз обу ҳавои мусоид ҳамарӯза ба ҷамъоварии «тиллои сафед» машғул ҳастанд.
Бояд гуфт, ки дар ин ноҳия дар як рӯз наздик ба 200 тонна пахта ҷамъоварӣ мешавад.
Дурнамои истеҳсоли пахта дар ноҳия 10650 тоннаро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






