Қоҳир Расулзода: «Дар 15 соли охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисодӣ ба 7,8 % баробар шуда, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар зиёд гардид»

Октябрь 14, 2016 11:44

Душанбе, 14.10.16. /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодии давраи гузариш ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонид. Мо танҳо аз соли 2000 ба марҳалаи рушд ворид гардида, пешрафти босуботи иқтисодиётро дар заминаи низоми иқтисоди бозаргонӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла соҳибкорию сармоягузорӣ таъмин намудем»,- изҳор намуд Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз зимни ифтитоҳи Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 «Рушди истеҳсолоти миллӣ- имконияти нави сармоягузорӣ», ки дар пойтахти кишвар ҷараён дорад.
Ба маълумоти Қоҳир Расулзода, дар натиҷаи татбиқи стратегияву барномаҳо ва нақшаву чорабиниҳо дар 15 соли охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисодии кишвар ба 7,8 % баробар шуда, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар зиёд гардид.
Боиси зикр аст, ки имсол соли сеюм аст, ки Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 таҳти сарпарастӣ ва дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад.
Ҳадафи ҳамоиши имрӯза-муаррифии имкониятҳои нави сармоягузории Тоҷикистон, рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва саноати коркарди ашёи хоми ватанӣ, мувофиқа намудани имкониятҳои ҳамкории нави минтақавӣ ва истифодаи самараноки «Шоҳроҳи Абрешим», зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бо истифодаи технологияи муосир, дар маҷмӯъ мубодилаи афкор вобаста ба густариши робитаҳои иқтисодиву сармоягузорӣ, таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва тақвияти ҳамгироии минбаъдаи Тоҷикистон ба иқтисодиёти ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Боиси зикр аст, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид. Дар доираи он ҳадафҳои стратегияи кишвар, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул муайян гардидааст, ки ҳамаи ин баҳри таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар нигаронида шудаанд.

Октябрь 14, 2016 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид