Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон
Душанбе, 03.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз анҷоми сафари корӣ ва ифтитоҳи як қатор иншоот дар ноҳияи Муъминобод имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд.
Меҳмони олимақом, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинони ноҳия дар ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо шодиву нишоти беандоза ва эҳтироми хос нисбат ба раҳбару Пешвои ояндасози хеш гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳар як ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ё он гӯшаи диёр пайки шодию нишот, муждаи ободкорию созандагӣ меорад, зеро аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум сулҳу ваҳдат оварданд ва халқро ба зиндагии шоиста ҳидоят карда, барояшон шароити мусоиди кору зиндагӣ фароҳам сохтанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ноҳияи Восеъ низ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд маротиба бо сафари корӣ ташриф оварда, баробари ифтитоҳи иншооти гуногун, мулоқоту суҳбат бо сокинон барои ҳалли мушкилоти онҳо тадбирҳо андешиданд.















Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд






