Оё зукоми «гонконгӣ» ба Тоҷикистон ҳам таҳдид дорад!?

Октябрь 7, 2016 16:55

Душанбе, 07.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони соҳаи тибби Русия бонги хатар мезананд, ки имсол дар шаҳрҳои Русия авҷи паҳн шудани зукоми «гонконгӣ»-и намуди АН3N2 дар назар аст. Бино ба гуфтаи духтурони рус,  ин намуди зуком вазинин гузашта, бештар барои кӯдакон ва пиронсолон хатарнок аст.  Гуфта мешавад, ки ҳанӯз солҳои 1968-69  мардум ба ин беморӣ гирифтор шуда, беморони зиёд ҳалок гашта буданд.

Дар мавриди вазъи пешгирии бемориҳои зуком, эҳтимоли таҳдиди зукоми «гонконгӣ» ба Тоҷикистон ва пешгирии беморӣ бо муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров суҳбат намудем.

«Ховар»: Наврӯз Ҷунайдуллоевич, дар мавриди зукоми «гонконгӣ» ва чораҳои мавсимие, ки дар ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд, маълумот медодед…

Н. Ҷаъфаров:  Ҳар сол аз ҳафтаи чилуми сол, ки имсол ба  3 октябр рост омад, дар минтақаи Аврупо  мавсими баландшавӣ, яъне  оғози  мавсимии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас,  аз ҷумла бемории зуком  оғоз меёбад. Чун  Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои  Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аст, дастурамалҳои аз ҷониби ин  ташкилот тавсия шавандаро  ҷиҳати назорати эпидемиологӣ,  бемориҳои шадиди  роҳҳои нафас, аз он  ҷумла  зуком риоя мекунад.

grippДар  ҳақиқат дар  расонаҳои хабарӣ  нисбат ба дигаргун гаштани ҳолати эпидемиологии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла нисбат ба бемории зуком дар Федератсияи Русия маводи зиёд нашр шуданд.  Духтурони рус пешгӯӣ кардаанд, ки  яке аз  намудҳои зукоми  Н3N2, ки ба намуди А таносуб дорад,  эҳтимоли паҳн шудан дорад. Ин  дафъа беморӣ дар қисмати шарқии Федератсияи Русия  паҳн шудааст, ки  он аз  Ҷумҳурии Мардумии Чин  вобастагӣ дорад. Бояд гуфт, ки ҳар сол ҳолат ҳамин гуна аст,  яъне зуком   метавонад аз худи  қисмати марказии Русия  паҳшавиро  оғоз кунад,  ё аз қисмати шарқӣ ва ё аз қисмати аврупоӣ. Ин ҳолат  ба гардиш ва фаъолнок будани намуди бемориҳои зуком     вобастагӣ дорад.  Ногуфта  намонад, ки зуком якчанд намуд мешавад.

Дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон бемориҳои зуком аз  моҳи октябри соли 2015 оғоз гардида то нимаи дуюми моҳи апрели соли 2016 идома ёфта буд. Дар ин давра  асосан зукоми  намуди АH1N1 бартарӣ дошт.  Дар баробари ин зукоми  намуди АН3N2 низ ба қайд гирифта шуда, ҳолатҳои ками намуди B низ дар байни аҳолӣ гардиш доштанд.

«Ховар»: Имрӯз вазъи паҳншавии бемориҳои роҳи нафас дар ҷумҳурӣ чӣ гуна аст?

Н.Ҷаъфаров: То ҳафтаи 20-уми соли 2016 мавсими зуком расман анҷом меёбад.  То  оғози мавсим, яъне то ҳол мо  ҳодисаи паҳншавии  зукомро ба қайд нагирифтаем. Дар баробари ин тибқи маълумоти фаврӣ, ҳар ҳафта дигар бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта мешаванд.

Аз 27 сентябр   то 4 октябри соли равон зиёда аз 1400 нафар калонсолону кӯдакон бо бемориҳои умумии шадиди роҳҳои нафас,  ки қариб 16 намуди зукомро дар бар мегирад, муроҷиат кардаанд. Бештар ин беморӣ байни кӯдакон ба қайд гирифта шудааст. Эҳтимол  меравад, ки бемории зуком аз дигар давлатҳо ба Тоҷикистон ворид шуда бошад.

Тавре медонем, рафтуомад байни шаҳрвандон ба хориҷ ва ба Тоҷикистон зиёд аст. Бинобар ин яке аз роҳҳои интиқоли бемориҳои сироятӣ, махсусан бемориҳои шадиди роҳҳои нафас  дар ин мавсим муҳоҷирон мебошанд. Дар баробари ин дар мавсими тирамоҳу зимистон муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватан бармегарданд. Дар  ин ҳол интиқоли бемориҳо метавонад зиёд гардад.

Дар Хадамоти назорати давлатии санитарӣ — эпидемиологӣ ташхисгоҳи вирусологӣ фаъол буда,  ташхисҳои бемории зуком он ҷо гузаронида мешаванд.  Ҳар  сол дар шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо якчанд нуқтаҳои назоратӣ фаъолият мекунанд, ки он ҷо мо намунаҳои ташхисро ҷамъ оварда, бо дастгоҳҳои замонавии таҷзияи занҷираи полимериазӣ онро аз назар мегузаронем. Бо ин васила,  мо  муайян мекунем, ки дар ҷумҳурӣ кадом намуди вирусҳо гардиш ва бартарӣ  доранд. Ин чорабинӣ дар ҷумҳурӣ аллакай оғоз ёфтааст. Албатта,  ҳоло барои бонги хатар задан вақт ҳаст. Ҳоло  чораҳои омодагӣ идома доранд. Ҳолат таҳти назорат қарор дорад ва тибқи маълумоти оморие, ки мо дар давоми 9 моҳ ҷамъоварӣ намудем,  сатҳи умумии бемориҳои роҳҳои нафас, зуком ва илтиҳоби шуш,  ки натиҷаи  ин беморианд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст.  Ин  коҳишёбӣ то 15 %-ро  ташкил медиҳад.

gripp-2«Ховар»: Тавре ки медонем, солҳои қаблӣ зукоми «хук» мардуми ҷаҳонро ба ташвиш оварда буд. Имрӯз паҳншавии ин беморӣ дар кадом сатҳ аст?  

Н.Ҷаъфаров: Бале, ҳамагон ин зукомро чун зукоми «хубон» ё «хук» мешиносанд. Ин  як намуди зукоми АH1N1 аст. Он  соли 2009 дар ҷаҳон паҳн гашта буд ва мо онро ҳамчун зукоми «хук» неву зукоми мавсимӣ медонем. Ин навъи зуком низ имконияти паҳншавӣ дорад.  Аслан агар  зери заррабин бинем, вирусҳо аз якдигар фарқ надоранд. Танҳо  хусусияти генетикии онҳоро фарқ кардан мумкин аст. Зукоми намуди Б танҳо дар минтақае, ки бори аввал пайдо шудаасту паҳн гаштааст, фарқият дорад ва номи ҳамин минтақаро дар худ мегирад. Зукоми хубон бори аввал соли 2009  дар Калифорния ба қайд гирифта шуда буд.  Номи пурраи он зукоми  АH1N1-09-и Калифорния аст.

«Ховар»: Вобаста ба пешгирӣ ва муолиҷаи зуком Шумо чи тавсия медиҳед?

Н. Ҷаъфаров: Тавсияҳо ду навъ мешаванд: бидуни доруворӣ ва ба воситаи доруворӣ. Тавсияи пешгирикунанда аз зуком – ин,  пеш аз ҳама, риояи  реҷаи ҳавоивазкунӣ дар дохили хона, корхона ва  муассисаҳои таълимӣ мебошад. Бояд ҳамарӯза болои ашёҳои рӯзгорро бо маводи безараркунӣ ва матоъҳои намнок коркард кард. Масъалаи дигар — баланд бардоштани масъунияти бадан ва обутоби бадан аст.  Истеъмоли хӯроки серғизои  аз витаминҳо бой ва  афшураи лимуро низ набояд фаромӯш кард.  Қоидаҳои  беҳдоштӣ, яъне шуштани даст,  худдорӣ аз ҷойҳои серодамро низ бояд риоя кард.  Шустани дастон бо собун ва оби ширгарм метавонад беш аз 90 фоизи  микроорганизмҳои дар дастҷамъшударо тоза намояд. Ҳангоми ба зуком мубтало шудан,  бояд  пеш аз ҳама, бо  мутахассисони соҳа ва духтурони оилавӣ машварат кард. Ҳеҷ гоҳ бо тавсияи нафари дигар набояд дору истеъмол кард. Имрӯз доруҳои  гуногун зиёд шудаанду  ҳар яки он  интихоби фардӣ дорад. Агар як нафар бо ин навъи дору сиҳат шавад,  ба нафари дигар он  баръакс таъсири манфӣ мерасонад.  Ба нафарони бемор тавсия дода мешавад, ки пеш аз ҳама, бистарӣ бошанд. Нишонаҳои  зуком дар се рӯз равшан мешаванд.  Ҳангоми  бистарӣ нагаштан, беморӣ шадидтар мегузарад ва метавонад ба илтиҳоби шуш гузарад. Бемор  беҳтараш бистарӣ гашта,  духтурро ба хона даъват кунад,  то худ омили паҳншавии беморӣ нагардад. Дар ин ҳолат 1 фоизи муайяни эҳтимолияти паҳн шудани сироят аз байн бурда мешавад.

 «Ховар»: Ташаккур барои суҳбат

Лайло Қосимова

Октябрь 7, 2016 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад