Пешгирии хариду фурӯши одамон дар байни наврасон ва ҷавонон

Октябрь 5, 2016 10:58

Душанбе, 05.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо ташаббуси филиали КВД «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон» маҳфили маърифатӣ- иттилоотӣ оид ба пешгирии омилҳои номатлуб, аз ҷумла хариду фурӯши одамон дар байни ҷавонон баргузор гардид.
Ҷамшед Тағоев, роҳбари маркази мазкур ба иштирокчиён оид ба ҷинояти савдои одамон, ки чун шакли муосири ғуломдорӣ маъмул мебошад, маълумот дод.
Маврид ба зикр аст, ки иқдоми мазкур дар доираи лоиҳаи «Пешгирии хариду фурӯши одамон дар байни наврасон ва ҷавонон» бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 5, 2016 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад