Раиси Парламенти (Маҷлиси Умаи) Давлати Кувайтро ба Тоҷикистон даъват карданд
Душанбе, 07.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо Раиси Парламенти (Маҷлиси Умаи) Давлати Кувайт Марзуқ ал-Ғоним 6 октябр доир гардид.
Тавре аз ВКХ Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот нахуст номаи даъватии Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба ҳамтои кувайтии ӯ ҷиҳати боздид аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, сармоягузорӣ, инчунин татбиқи тарҳҳои муштаракро баррасӣ намуданд. Тарафҳо иброз доштанд, ки имкониятҳои фаровони мутақобилаи истифоданашуда миёни ду кишвар метавонанд ҷиҳати робитаҳо дар соҳаҳои мазкур босамар истифода шаванд.
Миёни маҷмӯи масоили баррасишуда, ҳамчунин зарурати фаъолгардонии ҳамкорӣ дар доираи Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва таҳкими робитаҳо миёни сохторҳои соҳавии ду кишвар таъкид гардиданд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






