Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд дар нуҳ моҳ 2100 барнома баргузор кард
Душанбе, 14.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар давоми нуҳ моҳи соли 2016 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯриҳо, семинару суҳбат ва маҳфилу конфронсҳо доир намуд.
Тавре аз Хадамоти матбуотии вилоят хабар доданд, зимни баргузории барномаҳо, ки дар мавзӯъҳои «Зан ва ҷомеа», «Поймол кардани ҳуқуқи зан — хушунат аст», «Баробарҳуқуқӣ кафили пешгирии зӯроварӣ дар оила», масъалаҳои гендерӣ, «Оилаи ман-ифтихори ман», «Оила-неруи пешбарандаи ҷомеа», «Пешгирии никоҳи хешутаборӣ», «Рисолати оиладорӣ дар рушди миллат ва пешрафти давлат», «Эҳтиром ва муҳаббати оилавӣ», «Ободиву суботи ҷомеа аз оила», «Оила муқаддас аст», «Зан ва маориф», «Зан-сарвар», маҳфили «Кошонаи саодат», «Модар чӣ гуна- духтар намуна» баргузор шуданд, дар онҳо ҳазорон нафар занону духтарон иштирок намуданд.
Аз ҷониби Раёсат аз оғози сол бо ҷалби занону бонувон дар маҷмӯъ 2100 барномаи гуногун доир гардиданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






