Роҳбарони мақомоти муҳоҷират вазъи муҳимтарин дар ИДМ-ро баррасӣ мекунанд
Душанбе, 11.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Боку пойтахти Озарбойҷон ҷаласаи нуздаҳуми Шӯрои роҳбарони хадамоти муҳоҷирати кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар намояндагӣ менамояд.
Аз Хадамоти муҳоҷирати кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа аъзои Шӯро вазъи муҳоҷират дар кишварҳои Иттиҳод ва ҷараёни иҷрои барномаи ҳамкории кишварҳои ИДМ дар муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои солҳои 2015-2019-ро баррасӣ менамоянд. Ҳамзамон натиҷаи ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба ташкили маъхази маълумоти ҳуҷҷатҳои сохтакории шаҳрвандони кишварҳои ИДМ, инчунин таҷрибаи Озарбойҷон дар масъалаи коҳиш додани ҳолатҳои бетабаъият, таҷрибаи Беларус дар самти ошкор сохтани никоҳи қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони бетабаъият матраҳ мегарданд.
Инчунин роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои ИДМ масоили марбут ба таҳкими ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ оид ба фаъолият дар бахши муҳоҷират, ҷараёни созишномаҳои дуҷониба оид ба татбиқи идеяҳои умумӣ, раванди ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишварҳои Иттиҳод ва танзими онро матраҳ хоҳанд кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






