Русия ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ-ро оид ба вазъи Ҳалаб даъват кард
Душанбе, 07.10.2016. / АМИТ «Ховар» /. Имрӯз бо ташаббуси Русия ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ оид ба вазъ дар Ҳалаби Сурия доир хоҳад шуд. Дар ин бора шабакаи телевизионии «Russia Today» бо такя ба гуфтаи намояндаи доимии Русия дар СММ хабар дод.
Тавре иттилоъ дода мешавад, дар ҷаласа пешниҳоди намояндаи махсуси СММ оид ба Сурия Стеффан де Мистура вобаста ба хуруҷи ҷангиёни «Ҷабҳат-ан-Нусра» аз қисмати шарқии Ҳалаб баррасӣ хоҳад шуд.
Чанде пеш Стеффан де Мистура дар бораи дурнамои «пурра нест шудани» шарқи Ҳалаб то охири моҳи декабр эълон дошт. Бино ба гуфтаи ӯ, агар неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Сурия задани зарбаҳои ҳавоиро ба шаҳри зери назорати террористон идома диҳанд, он гоҳ ҳазорҳо нафар ё мефавтанд, ё гуреза мешаванд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






