Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Октябрь 5, 2016 15:44

Душанбе, 05.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ дошт.

Дар ҷараёни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум роҷеъ ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон мубодилаи афкор анҷом дода, ба дурнамои рушди онҳо таваҷҷуҳ намуданд.

Зимнан аз натиҷаҳои сафари кории ба қарибӣ суратгирифтаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Шавкат Мирзиёев Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуд.

Октябрь 5, 2016 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон