«Сарҳади тоҷик-забони тоҷик аст». Андешаи соҳибзабонон оид ба забони тоҷикӣ

Октябрь 5, 2016 14:44

Душанбе, 05.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Чанд сол аст, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар фазои орому осудаи Ватани азизу маҳбуби хеш 5-уми октябрро ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ таҷлил менамоянд. Имсол ин ид ба солгарди бузурги иди миллии халқи тоҷик- 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Ба ин муносибат дирӯз дар Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикисон» бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» баргузор гардид.
Зимни баррасии масоили вобаста ба забони давлатӣ дар конфронс хабарнигори АМИТ «Ховар» тасмим гирифт андешаҳои соҳибзабононро ба хонандагон пешкаш намояд.
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон забони модарии ҳар як миллатро сарчашма ва манбаи бақои он арзёбӣ намуда, чунин иброз дошт: «Забон асоси илҳом ва меҳвари ҷунбишҳои ҳунарию фарҳангӣ ва илмии равшангарони ҳамон миллат мебошад. Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидаанд. Инчунин забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояи давлатдорӣ буда, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози мардуму миллати тоҷик аст».
«Давраи соҳибистиқлолӣ ба мо бисёр як неъмати бузург бахшид, ки забони тоҷикӣ забони давлатӣ шуд ва аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ба монанди Созмони миллали муттаҳид садо дод. Ин, албатта, барои мо хушбахтӣ аст. Забони миллат- нишонаи миллат ва ҳастии миллат аст. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо вазифадорем забони модарии худро покиза нигоҳ дорем». Ин суханон дар конфронси «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» аз ҷониби Аҳмадҷон Сангинов, ходими пешбари илмии шуъбаи фарҳангнигории Институти забон, адабиёт ва шарқшиносии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ бевосита яке аз мураттибони фарҳанги дуҷилдаи забони тоҷикӣ мебошад, баён гардиданд.
Назрӣ Офаридаев, доктори илми филология, профессори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев зимни маърӯзаи худ дар конфронс иброз дошт, ки: «Забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмии давлати мо дар шароити нав мавқею нуфузи хоса пайдо намуд. Дар роҳи тараққиёти он, албатта, масъалаҳое вуҷуд доранд, ки тадқиқоти муайянро талаб мекунанд ва ҳамчунин андешаву тавсияҳои гуногун дар ин маврид бояд пешниҳод шаванд ва барои рушди бемайлони забони давлатӣ шароити мусоид ҳам аз назари ташкилӣ, ҳам аз назари методӣ ва ҳам аз назари ҳуқуқӣ ба вуҷуд биёяд».
«Бо итминони комил метавон гуфт, ки таърихи ташаккули мардуми тоҷик дар ҳамбастагӣ бо забони он сурат гирифтааст ва эҳсоси худшиносию ватанхоҳии яъқубона дар ташаккули халқи тоҷик ва ривоҷу равнақи забони он аз оғоз нақши созгор доштааст. Пас аз суқути давлати Сомониён ва асрҳои баъдии парокандагию парешонҳолӣ бар асари тохтутози туркон ва ҳамлаи муғул ҳарчанд тоҷикон дар Мовароуннаҳр аз давлатдории воқеӣ маҳрум монданд, вале забони тоҷикӣ дар ҳамаи давлатҳои баъдӣ то ба сари қудрат омадани болшевикон дар Бухоро (соли 1920) забони расмии давлатдорӣ маҳсуб мешуд ва расму оини далатдорӣ ҳам расмҳои тоҷикон ба ҳисоб мерафтанд»,-таъкид кард Мирзо Ҳасан Султон, доктори илмҳои филологӣ дар конфронси «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон».

Октябрь 5, 2016 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд