Семинари омўзишӣ оид ба қоидаҳои имлои нави забони тоҷикӣ ва тафсири вожаҳо дар Донишкадаи сохибкорӣ ва хизмат
Душанбе, 01.09.2016. /АМИТ«Ховар»/. Дар остонаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ бо ибтикори Шўрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат семинари омўзишӣ оид ба қоидаҳои имлои нави забони тоҷикӣ ва навишти У бар ивази Ӯ пеш аз ҳарфи Ҳ ва Ъ бо тафсири вожаҳо баргузор гардид.
Ҳадафи семинар шинос намудани устодону кормандони донишкада бо имлои нав, дар заминаи он фаъолият намудани устодони донишкада ва ба ин васила арҷ гузоштан ба забони давлатӣ буд.
Дар семинар профессори кафедраи фарҳанги соҳибкорӣ ва забони донишкада К. Хоҷаев оид ба татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», муқаррароти забон, риояи имлои забон дар раванди баргузории машғулиятҳо изҳори андеша намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки устодон ҳангоми гузаронидани дарс ва чопи дастуру мақолаҳои илмии хеш бояд ба хатогӣ роҳ надиҳанд ва нисбат ба тозаю беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ бемасъулият набошанд.
Воқеан, забони илм забони давлатӣ аст ва дар тоза нигоҳ доштани забони давлатӣ саҳми бевоситаи кормандони соҳаи илм бояд назаррас бошад.
Мудири кафедраи фарҳанги соҳибкорӣ ва забон А. Ҳайдаров дар мавриди навишти калимаҳои арабӣ ва истифодаи он дар забони точикӣ, инчунин вобаста ба имлои нави забони тоҷикӣ-тағйир ёфтани мавқеи ҳарфҳои У ва Ӯ пеш аз ҳарфи Ҳ ва Ъ андешаҳои хешро иброз дошт. Иштирокдорон бо пешниҳоду мулоҳизаҳои судманд баргузории семинарро дар рушди минбаъдаи забони миллӣ саривақтӣ ва зарур арзёбӣ намуданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






