Шиносоии Сарвазири мамлакат бо ҷараёни татбиқи Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Кўлоб-Қалъаи Хумб
Душанбе, 13.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни татбиқи Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Кўлоб-Қалъаи Хумб, қитъаи Шамсиддини Шоҳин-Шоҳон шинос шуд.
Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш аз маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин то минтақаи Шоҳон бо корҳои навсозии роҳ, тахту ҳамворсозии қитъаҳои мушкилгузар, мумфаршнамоии қабати болоии роҳ дар қитъаҳои омодашуда, корҳои оҳану бетонрезӣ дар ду канори роҳ ва омодасозии пулҳои лоиҳа шинос шуда, ба сохтмончиёну роҳсозон барои иҷрои босифати корҳои пешбинишуда тавсия ва маслиҳатҳои судманд доданд.
Дар айни замон дар сохтмони роҳи мошингарди Кўлоб-Қалъаи Хумб, қитъаи Шамсиддини Шоҳин-Шоҳон 772 нафар кор мекунанд, ки 644 нафарашон коргарони маҳаллӣ мебошанд. Корҳои сохтмон ва навсозии роҳ аз ҷониби ширкату иттиҳодияҳои сохтмонии ватанӣ ва ташкилоту идораҳои роҳсозии хориҷӣ пеш бурда мешаванд.
Қитъаи мазкури роҳ 40 км буда, дар доираи лоиҳаи он ҳамчунин бунёди 10 адад пул ба нақша гирифта шудааст. Ҳамаи пулҳои роҳи мазкур омода шуда, дар қисмати бештари роҳ дар қитъаҳои алоҳида дар қабати аввал корҳои мумфаршкунӣ бо маром идома доранд.
Дар қитъаҳои мушкилгузар низ корҳои тахту ҳамворнамоӣ ва таркишӣ бо маром идома дошта, барои иҷрои корҳои роҳсозӣ дар айни замон 270 адад техникаю таҷҳизоти корӣ сафарбар шудаанд.
Ҷараёни татбиқи Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Кўлоб-Қалъаи Хумб, қитъаи Шамсиддини Шоҳин-Шоҳон, дар ситоди сайёри корӣ таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода натиҷагирӣ шуд. Дар ситод роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилоту идораҳои сохтмонӣ барои иҷрои босифат ва саривақтии корҳои роҳсозӣ вазифадор карда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






