Сомонаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар тарҳи нав роҳандозӣ гардид
Душанбе, 11.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастрасии ҷомеа, бахусус ҷавонону варзишгарон ба иттилоот аз ҳаёти наврасону ҷавонон ва варзишгарон сомонаи худро дар доираи таҷлили 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарҳи муосир таҳия намуда, онро мавриди истифода қарор дод.
Мақсади асосии бо тарҳи нав омода намудани сомонаи расмии Кумита ин пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии насли ҷавону варзишгар оид ба дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу — Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши Роҳбари давлат дар беҳдошти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии ин қишри ҷомеа маҳсуб мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






