Суҳбати телефонии Пешвои миллат бо Владимир Путин
Душанбе, 07.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. 7 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ намуд.
Дар ҷараёни суҳбат, ки дар фазои самимӣ ва дӯстонаи хос барои муносибатҳои сарони ду давлат гузашт, Эмомалӣ Раҳмон Президенти давлати Русияро бо таманниёти беҳтарин ва самимият бо зодрӯзаш табрик намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуфузи баланди Владимир Путинро дар дохили Русия ва берун аз он таъкид намуда, нақши барҷастаи ӯро дар рушди рӯзафзуни муносибатҳои наздики дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Русия махсус таъкид намуд.
Зикр гардид, ки фаъолияти мақсадноки муштарак дар самти таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистону Русия ҷавобгӯи ҳадафҳои бунёдии мардумони ду кишвар буда, омили суботу амнияти минтақавӣ мебошад.








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд






