«Ташаккули маҳорати роҳбарӣ дар ҷавонон» — омӯзиш дар шаҳри Кӯлоб
Душанбе, 18.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Ташаккули маҳорати роҳбарӣ дар ҷавонон» тренинги омӯзишӣ доир гардид. Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, машварати мазкур бо мақсади мусоидат ба ҷавонон дар самти иштирок дар рушди кишвар ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон роҳандозӣ гардида, дар он беш аз 75 нафар ҷавонон аз ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб иштирок намуданд.
Дар машварат ба ҷавонон маълумоти муҳим вобаста ба паҳлӯҳои гуногуни рушди роҳбарӣ дар ҷавонон, аз ҷумла сифатҳои роҳбарӣ, мақсад ва вазифагузорӣ, роҳҳои расидан ба мақсад, истифодаи самараноки вақт ҳамчун усули рушди малакаҳои роҳбарӣ, усулҳои муошират ва суханварӣ, зинаҳои роҳбарӣ ва усулҳои ташаккули маҳорати роҳбарӣ омӯзонида шуд.
Зарурати ташкили машварат, пеш аз ҳама, ба ҷавонкунонии низоми идораи ҳаёти ҷомеа нигаронида шуда, он ба талаботи сиёсати кадрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд мебошад. Барои татбиқи босамари ин ҳадафи стратегӣ, дар навбати аввал зарурати омӯзонидани малака ва маҳорати роҳбарӣ дар ҷавонон афзалият пайдо кардааст.
Тренинги мазкур дар доираи татбиқи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 -2018» амалӣ гардида, баргузории он дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ дар назар аст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






