Заробиддин Қосимӣ ҷавононро ба сулҳоварию ваҳдатофарӣ ва созандагию ободгарӣ даъват кард
Душанбе, 17.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо донишҷӯёни тоҷик ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳрҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара таҳсили илм ва кору зиндагӣ мекунанд, мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 25 соли истиқлоли давлатӣ ва нақши Конститутсияи кишвари соҳибистиқлоли мо дар роҳи сулҳоварию ваҳдатофарӣ, созандагию ободгарӣ, таъмини рушди босубот ва дар маҷмӯъ, давлатсозии миллати тоҷик, ки таҳти раҳбарию раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён мегирад, суҳбати ҷолиб сурат гирифт.
Зимни суҳбат аз ҷавонони тоҷик даъват карда шуд, ки бо истифода аз донишҳои худ дар бораи талаботи воқеии дини мубини ислом ба қадри имкону қудрат дар таҳкими сулҳу суботи Тоҷикистон, аз ҷумла бо роҳи пешгирии ҷавонону наврасони ноогоҳ аз гумроҳию фирефташавӣ ва гирифтор шудан ба доми ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ саҳми намоёну арзанда гузоранд.
Ҳамчунин ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва наздик шудани Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон барои аҳли маҳфил аз ҷониби Сафорат дастурхони идонаи тоҷикӣ ороста шуд.












Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






