16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ нисбат ба занон
Душанбе, 25.11.2016./АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз то 10 декабри соли равон дар тамоми ҷаҳон маъракаи «16 рӯзи амали фаъол бар зидди хушунат нисбат ба занон» мегузарад, ки ҳадафаш ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти умдаи иҷтимоӣ, бахусус зӯроварии оилавӣ ва бадрафторӣ нисбат ба занону духтарон мебошад.
Соли равон аз ҷониби Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария, якҷоя бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Хатлон баргузории як силсила барномаҳо бо иштироки намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон, ҳунармандон ва ВАО дар назар дошта шудааст.
Тавре баргузоркунандагони ҳамоиш иттилоъ доданд, давоми 16 рӯз дар доираи барномаҳои нақшавӣ ба тамоми қишрҳои ҷомеа дар бораи тадбирҳои роҳандозишуда марбут ба огоҳсозӣ ва пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон, ки нишонаи нақзи ҳуқуқи инсон аст, маълумот дода мешавад.
Ба ҷуз ин, «дар доираи ҳамоиши мазкур дар ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Хуросон, Ҳамадонӣ, Ҷалолудини Балхӣ, Шаҳритуз ва Панҷ ташкилотҳои ҷамъиятие, ки Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагиро дар сатҳи маҳал татбиқ мекунанд, якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кумитаҳои занон барномаҳои фарҳангию омӯзиширо оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ доир хоҳанд кард»,- хабар дод манбаъ.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






