20 ноябр-Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдак: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон ҳамоиш доир намуд

Ноябрь 18, 2016 12:06

Душанбе, 18.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар дафтари Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақсади бори дигар ҷалб намудани диққати тамоми мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як узви ҷомеа барои таъмини беҳбудии кӯдакон ва таъмини шароит барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар мавзӯи «Таҳияи механизмҳои ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ» имрӯз ҳамоиш баргузор гардид.
Дар он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Мутаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар вазорату идораҳо иштирок карда, сухан гуфтанд.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 баъди соҳибистиқлол гардидан яке аз аввалинҳо шуда, Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид «Оид ба ҳуқуқи кӯдак»-ро ба тасвиб расондааст. Ин аввалин санади универсалӣ аст, ки ҳуқуқи кӯдакро ба рушду камолот дар шароити озоду арзанда пешбинӣ намудааст ва ҳамзамон уҳдадориҳои волидайн, шахсони онҳоро ивазкунанда ва давлатро бобати таъмин намудани шароит барои беҳдошти кӯдакон пешбинӣ намудааст. Баъди ба тасвиб расидани ин ҳуҷҷат Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи кӯдак тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст»,- иброз дошт Раҷабмо Бадриддинова, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки 20 ноябр Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдак мебошад ва ҳамоиши имрӯза бахшида ба ин сана доир гардид.

Ноябрь 18, 2016 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд