9 ноябр-Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди фашизм ва нажодпарастӣ: фарқ байни арабӣ, аҷамӣ ва сиёҳу сафед нест!

Ноябрь 9, 2016 10:42

Душанбе, 09.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди фашизм ва нажодпарастӣ (International Day Against Fascism, Racism and Antisemitism) ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз бо ташаббуси Шабакаи байналмилалӣ бар зидди нажодпарастӣ- UNITED, ки беш аз 500 ташкилотро аз 49 давлати ҷаҳон ба ҳам мепайвандад, эълон гардидааст.
Шаби 9 ба 10 ноябри соли 1938 қатли ом дар Олмон оғоз гашт, ки он ба худ номи «Шаби булурӣ» -ро касб кард. Ин ҳодиса соли 1938 ба оғози Холокост- қатли мардуми яҳудӣ сабаб гашт, ки дар натиҷа қариб 6 миллион яҳудӣ ҳалок гашта буд.
Имрӯз дар ҷаҳон навъи дигари фашизму нажодпарастӣ маъмул шудааст, ки ин терроризму экстремизм мебошад.
Ин амалу зуҳурот метавонанд дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон — дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён оянд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуда буданд, ки «Бо дарназардошти хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ масъалаҳои таъмини амнияти милливу давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо намудаанд».
Дар замони мо шахсон, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд.
Экстремизм ва терроризм мафҳумҳоеанд, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудаанд ва ин ду мафҳум бо ҳам пайваст мебошанд. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан- ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Гурўҳҳои ифротии динӣ бар он назаранд, ки ягон давлати мусулмонӣ бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Онҳо ҳамаи ин давлатҳоро маҷбуран ишғол карда, ба таркиби «хилофати ягонаи исломӣ» дохил карда, ҳамчун як ноҳияи «хилофат» бе чуну чаро ба хилофати ягонаи худ тобеъ намуданианд. Онҳо давлатҳои мустақил ва соҳибистиқлолро эътироф накарда, ҳамаи ин давлатҳоро дар таркиби «хилофат»-и худ маҳв намуданианд.
Вале ҳар як шахс бояд дарк намояд, ки дини мубини Ислом ва дигар динҳо муқобили нажодпарастӣ буда, фарқ байни арабӣ, аҷамӣ ва сиёҳу сафед нест.
Аз ҳамин сабаб имрӯз бояд корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бар зидди фашизм, нажодпарастӣ, терроризму экстремизмро хосатан миёни ҷавонон пурзӯр намоем.
Бо ин мақсад ҳар сол дар Рӯзи умумиҷаонӣ бар зидди фашизму нажодпарастӣ дар бисёр давлатҳои ҷаҳон бо мақсади пос доштани хотираи қурбониёни ин зуҳуроти номатлуб чорабиниҳои гуногун, аз қабили намоишҳо, мулоқот ва эътирозҳо доир мешаванд.

Ноябрь 9, 2016 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад