Абдул Рауф Иброҳимӣ: «Афғонистон аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Тоҷикистон розӣ аст»

Ноябрь 24, 2016 16:22

Душанбе, 24.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони мамлакат Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо раиси парлумони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ бо дархости номбурда мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаи тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Душанбе ва Кобул таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Ш.Зуҳуров густариши ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Афғонистонро барои таҳкими равобити дигар соҳаҳо муҳим хонда, изҳор дошт, ки равобити ҳарду кишвари дӯст ва ҳамзабонро метавон дар асоси ҳамкории байнипарлумонӣ тақвият бахшид.
Бояд гуфт, байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Луи Ҷиргаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъол ҳастанд, ки ҳадаф аз фаъолияти онҳо фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди равобити байнипарлумонии ду кишвари ҳамсарҳад мебошад.
Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори таъмини суботу амният дар кишвари дӯст ва ҳамсояи Афғонистон аст, зеро мавҷуд будани оромӣ ва субот дар кишвари ҳамсоя барои тақвияти сулҳ ва якпорчагии дигар ҷумҳуриҳои ҳамҷавор мусоидат мекунад. Оромии Афғонистон ин пеш аз ҳама, оромии минтақа аст. Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ суханронӣ намуда, ҳалли қазияи Афғонистонро бо роҳи сулҳ ва беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон пешниҳод намудааст.
Раиси Луи Ҷиргаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ хостгори густариши муносиботи парлумонии кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Ӯ таъкид кард, ки истифода аз таҷрибаи қонунофарии парлумони Тоҷикистон барои такмили фазои қонунгузорӣ дар Афғонистон мусоидат хоҳад кард.
Раиси парлумони Давлати Исломии Афғонистон аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки «мо аз дӯстони тоҷик, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисёр розӣ ҳастем. Ин кишвари дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамояд».
Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи ҳамкории гуногунсоҳа, аз ҷумла равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетика, роҳу нақлиёт, фарҳанг ва муносиботи зичи минтақаҳои наздисарҳадӣ изҳори назар карда шуд.

Ноябрь 24, 2016 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои муштариёни Суғду Хатлон – тарофаҳои дорои интернети бештар
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» ҳамоиш доир гардид
Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Барномаи давлатии рушди оила дар Тоҷикистон ба таҳкими пояҳои оиладорӣ нигаронида шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши маърифатӣ доир гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САРСАБЗ, ГУЛПӮШ ВА НАЗАРРАБО». Андешаҳои иштирокчии Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар ин маврид
Дар Душанбе намоиши маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ: Тоҷикистон дар сатҳи 95 фоиз худро бо орд таъмин менамояд
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Ёвон 21 тонна пилла супориданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад

Маводҳои таҳлилӣ