Ҳадаф аз лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатӣ истифодаи босамари он мебошад

Ноябрь 16, 2016 16:35

img_8218Душанбе, 16.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Абдусалом Қурбониён, вазири молияи мамлакат ва Сафаралӣ Раҷабов, вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми палатаи поёнии Парлумон оид ба лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» маърӯза карда, зикр намуданд, ки мақсади асосии Барномаи мазкур таъмини назорат аз болои ҷалби қарзҳои хориҷӣ ва истифодаи самараноки онҳо, ҳамчунин пешгирӣ аз ҷамъшавии назоратнашавандаи қарзҳои беруна мебошад.
Барномаи мазкур имконият медиҳад, ки имкониятҳои молиявии буҷети давлатӣ, захираҳои қарзии дохилӣ васеъ гардида, барномаҳои иҷтимоии Ҳукумати мамлакат амалӣ шаванд ва ба рушди бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, ки вазъи иқтисодиёти воқеиро муайян менамоянд, кумакҳои зарурӣ расонида шаванд.
Бояд гуфт, Барнома 58 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 98 созишномаи қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар мегирад. Вакилони Маҷлиси намояндагон «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019»-ро қабул карданд.
Ҳамчунин дар ҷаласаи имрӯза вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Насиба Содиқова лоиҳаи Қонун «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба вакилони Маҷлиси намояндагон шарҳу тавзеҳ дод. Зикр шуд, ки тағйиру иловаҳои воридгардида танҳо хусусияти техникӣ-таҳрирӣ доранд.
Мавриди зикр аст, ки вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум воридгардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Ноябрь 16, 2016 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе