Ҳаким Фузайлов дастаи мунтахаби Туркманистонро ҳарифи пурқувват мешуморад
Душанбе, 09.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ бо дастаи мунтахаби Туркманистон, ки имрӯз соати 17:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад, туркманҳоро яке аз дастаҳои пурқувват шуморида, гуфт: «Бозии дастаи мунтахаби Туркманистонро дар шаҳри Бишкек бо дастаи мунтахаби Қирғизистон тамошо кардам. Бозиаш хеле хуб аст ва дар ҳайаташ якчанд нафар бозингарони легионер, ки дар хориҷи Туркманистон ҳунарнамоӣ доранд, ширкат меварзанд. Туркманистон барои дастаи мо ҳарифи арзанда аст».
Ӯ аз омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ду бозии рафиқона бо дастаҳои мунтахаби Туркманистон ва Афғонистон қаноатмандӣ изҳор карда, аз лат бардоштану дар ин бозиҳо иштирок накардани Фарҳод Восиев («Оренбург», Русия) афсӯс хӯрд. «Мо,- гуфт Ҳаким Фузайлов, ҳамаи имконотро истифода мебарем, ки дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Туркманистон бозии хуб нишон диҳем, то мухлисон аз он шод шаванд. Футболбозони мо ба ин омодаанд».
Ба ҳамин тартиб, имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркманистон бозии 8-уми худро доир мекунанд, ки мақсади асосиаш тайёрии дастаҳо ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё ба шумор меравад.








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






