Ҳар як фарди баномуси ин давлату сарзамин бояд парчами кишвари худро муқаддас донад!

Ноябрь 22, 2016 15:03

Душанбе, 22.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ амалӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, дар конфронс муовини Вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода зимни табрики кормандон бо ин ҷашни фархунда гуфт: «Ҳар як фарди баномуси ин давлату сарзамин бояд парчами кишвари худро азизу муқаддас дошта, бо амалҳои неку созандаи худ парчамбардори миллату давлат гардад. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ин рамзи муқаддаси миллӣ — Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми хосса дошта, дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ баҳри таъмини ҳуқуқҳо, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлату миллат, тартибу низом устуворона қадам ниҳода, дар пешрафту нумӯи кишварамон нақши босазои худро мегузоранд».
Ҳасан Шерализода, сардабири ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» зикр кард, ки «бисту чор сол муқаддам парчами давлатӣ дар толори Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона қабул гардид. Он имрӯз мояи ифтихору сарбаландии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад».
Мавриди ёдоварист, ки 29 октябри соли 2009 дар конфронс бахшида ба 15-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон ҳамчун иди миллӣ пешниҳод гардида, бори нахуст он 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта шуд.

Ноябрь 22, 2016 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст