Ба истиқболи Рӯзи милитсия: Чаро ҷашни милитсия аз 6 феврал ба 10 ноябр гузаронида шуд?

Ноябрь 4, 2016 10:16

rozikzoda-1Душанбе, 04.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. То чанд соли пеш Рӯзи милитсияи тоҷик 6-уми феврал ҷашн гирифта мешуд ва 2-юми августи соли 2011 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» қабул гардид, ки тибқи он таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик ба 10-уми ноябр гузаронида шуд. Генерал-майори милитсия Абдулҳаким Розиқзода, ки оид ба таърихи милитсияи тоҷик  соли 2002 рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст, сабаби инро ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин шарҳ дод:

«Соли 1924 баъд аз тақсимоти ҳудудию миллии Осиёи Миёна дар ҳудуди собиқ Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Туркистон ва Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро якчанд ҷумҳуриҳои миллӣ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуданд. Ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳудуди собиқ Ҷумҳурии Туркистон водии Зарафшон  ва аз Ҷумҳурии Халқии Бухоро Бухорои Шарқӣ дохил гардида, деҳаи Душанбе пойтахти Тоҷикистон интихоб шуд.

Моҳи декабри соли 1924 Комиссариати халқии корҳои дохилии Тоҷикистон таъсис дода шуда, аллакай то 20-уми декабри соли 1924 комиссари халқии корҳои дохилӣ Абдулло Ёрмуҳаммадов ва якчанд нафар кормандони дастгоҳи марказии Комиссариат, аз ҷумла, сардори милитсия Ф.Я. Ижевский ба вазифаҳо таъйин шуданд, ки онҳо мутахассис ва донандаи якчанд забонҳо буданд.

Ҳайати дастгоҳи марказии Комиссариати халқии корҳои дохилӣ баъди ҳалли корҳои ташкилӣ, гирифтани либос ва дигар анҷомҳои зарурӣ аввали моҳи январи соли 1925 озими пойтахти ҷумҳурӣ – деҳаи Душанбе гардиданд. Ин ҳайат, ки тақрибан 25-30 нафарро ташкил менамуд, пиёдаву савора қариб як моҳ дар роҳ буданд ва танҳо ибтидои моҳи феврал вориди Душанбе шуданд. Бояд гуфт, кормандони дигар комиссариатҳо низ ҳамин тақдирро аз сар гузарониданд.

Бар асари муборизаҳои мафкуравӣ, ҳаёти наву кӯҳна ва мавҷуд будани тарафдорони сохти амирӣ Душанбе он шабу рӯз тинҷу ором ва бехавф набуд. Бинобар ин 6-уми феврали соли 1925 комитети инқилобӣ ҷаласаи навбатии 7-уми худро даъват намуд ва дар рӯзномаи он ба сифати масъалаи асосӣ «Дар бораи вазъияти милитсияи Тоҷикистон», маърӯзаи рафиқон Ёрмуҳаммадов ва Ижевский» гузошта шуд. Аз рӯи масъалаи баррасишаванда комиссари халқии корҳои дохилӣ А.Ёрмуҳаммадов ва сардори милитсияи ҷумҳурӣ Ф.Я.Ижевский маърӯза карданд. Ана ҳамин ҷаласа ва қарорҳои қабулкардаи он минбаъд асос гардид, ки 6-уми феврал ҳамасола ҳамчун рӯзи кормандони милитсия ҷашн гирифта шавад (то соли 1962).

Интихоби 6-уми феврали соли 1925 ҳамчун санаи таъсиси милитсияи тоҷик аз чанд ҷиҳат иштибоҳ ва илман нодуруст буд. Аввалан ҳаминро бояд таъкид намуд, ки мафҳуми милитсия ҳанӯз солҳои 1916-1917 дар ҳуҷҷатҳои архивӣ дучор меояд. Ҳангоми шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳо дар Бойгонии марказии ҷумҳурӣ парвандае ба дастам афтод, ки он соли 1916 мураттаб шудааст ва дар муқоваи он ибораи «милитсионеров-джигитов» навишта шуда буд.

Дар асоси ҳуҷҷатҳои зиёду мӯътамади бойгонӣ метавон гуфт, аллакай аз декабри соли 1917 дар қисмати шимолии Тоҷикистон милитсия фаъолият мекард ва номи шахсиятҳои таърихӣ, ба мисли Ҳайдар Усмонов, Қутбиддин Наҷмуддинов, Бобо Содиқов, Қобилхӯҷа Искандаров, Комил Ёрматов (асосгузори санъати кино дар Осиёи Миёна), Додомат Турсунов, Мирзояҳё Аминов, Аҳмадхон Саидхонов (Муборакқадам) ба фаъолияти милитсия сахт марбут аст. Беҳуда нест, ки вақте аз ғалабаи Ҳокимияти шӯравӣ ва таъсиси аввалин дастаҳои милитсия сухан равад, ҳатман аз Ҷӯра Зокиров ва Ҳайдар Усмонов нахустин милитсионерҳои тоҷик ёд карда мешавад.

Дар Бадахшон низ милитсия хеле барвақт, ҳанӯз аз баҳор-тобистони соли 1918 ба фаъолият оғоз карда буд.

Ибтидои соли 1918 як теъдод сарҳадчиёни русро, ки муҳлати хизматашон ба охир расида буд, ҷавоб доданд ва бо ҳамин шумораи сарҳадбонон хеле кам гардид. Барои ҳамин 23-юми майи соли 1918 бо фармони Комиссариати ҳарбии Ҷумҳурии Шӯравии Туркистон ҳайати сарҳадбонон аз ҳисоби 20 нафар ҷавонони маҳаллӣ, ки дастаи ихтиёрии милитсия меномиданд, пурра карда шуданд. Аҳамияти стратегии сарҳадро ба инобат гирифта, каме дертар- 10-уми июни соли 1918 Шӯрои Комиссарони Халқии Ҷумҳурии Туркистон карор мекунад, ки аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ дар ҳайати 300 нафар дастаи милитсия таъсис дода шавад.

Дар таъсис додани дастаҳои милитсия дар Бадахшон П.Воловик, духтури сарҳадбонон Вичич, Хуррам Боқиев, Азизбек Наврӯзбеков, Иброим Исмоилов, баъдтар Т.М. Дияков, Шириншо Шотемур ва дигарон саҳми арзанда гузаштаанд.

Ҳамин тавр, дар қисмати шимолии Тоҷикистон ва Помир аз охири соли 1917 то охири тобистони соли 1918 мақомоти милитсия ташкил шудааст.

Дар қисмати Тоҷикистони марказию ҷанубӣ (Бухорои Шарқӣ) баробари фаъолияти Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ (ЧДК) аввалин дастаҳои ихтиёрии милитсия соли 1921 пайдо шудаанд. Яке аз шуъбаҳои ЧДК шуъбаи ҳифозат номида мешуду ба таъмини амният ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон сару кор дошт.

Нахустин нозири (вазири) корҳои дохилии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро Саидҷонов Мухтор Юлдошевич тоҷик буд. Дар тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоятҳои Ғарм, Кӯлоб, Ҳисор ва Қӯрғонтеппа воҳидҳои штатии милитсия муайян шуда буданд.

Чуноне аз далелҳои боло бармеояд, милитсия дар сарзамини Тоҷикистони имрӯза аллакай то соли 1925 вуҷуд доштааст. Ҳатто аз тарзи масъалагузории рӯзномаи ҳамон ҷаласаи рӯзи 6-уми феврали соли 1925 низ баръало фаҳмидан мумкин аст, ки милитсия мавҷуд буд, вале вазъияту фаъолияташ қонеъкунанда набуд.

Бояд гӯям, ки ҳангоми суҳбату баҳсҳо атрофи 6 феврали соли 1925 донистани Рӯзи таъсиси милитсияи тоҷик тарафдорони ин ақида «далел» пеш меоварданд, ки то ин вақт, яъне то соли 1925 бо унвони Тоҷикистон мафҳуми географию давлатӣ мавҷуд набуд, ки албатта, ин гуфтаҳо ғалатанд ва дар вақташ С.Айнӣ бо асари безаволи «Намунаи адабиёти тоҷик» «мушт ба даҳон»-и онҳо зада буд.

Дар аксарияти ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна баъд аз барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ низ санаи 10-уми ноябри 1917 ҳамчун санаи таъсиси милитсия дар кишварашон қайд карда мешавад ва он иваз нашудааст.

Хеле хуб шуд, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як иштибоҳи хеле ҷиддӣ, яъне санаи таъсиси милитсия дар солномаи таърихи миллатамон бартараф шуд. Вагарна чунин ба назар мерасид, ки гӯё ба таъсиси милитсия дар сарзаминамон мо танҳо соли 1925 оғоз намудаем, ки ин албатта, дуруст нест».

Ноябрь 4, 2016 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард