Ба истиқболи Рӯзи Парчами давлатӣ: Рамзи нангу номуси ватандорӣ

Ноябрь 21, 2016 17:15

Душанбе, 21.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Парчаму парчамдорӣ яке аз рамзҳои давлатдорӣ буда, дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дорад. Тибқи сарчашмаҳои таърихии бостоншиносӣ парчамдории мардуми мо таърихи зиёда аз      4000 – сола дорад.

Инсоният  дар ҳама давраҳои таърихӣ барои ифодаи мақсаду ҳадафҳо рамзҳои гуногунро эҷоду истифода намудааст. Омӯзиши таърихи давлатдории аҷдодони ориёӣ маълум менамояд, ки ҳокимону пешвоён барои ифода кардани мавҷудияти давлати худ рамзу нишон, ишора, аломат ва дигар воситаҳоро қабулу истифода мекардаанд.

Аз миёни рамзу нишонаҳо Парчам таърихи рангину қадимӣ дорад. Олимони бостоншинос таҳқиқ намудаанд, ки парчамсозии мардуми ориёӣ аз даврони давлатдории Пешдодиён ва Каёниён ибтидо мегирад. Ин омил башорат медиҳад, ки мардуми тоҷик аз оғози давлатдории хеш таҷрибаи ливобардориро соҳиб буд.

Дар адабиёти оламшумули тоҷику форс, аз ҷумла дар ашъори безаволи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлонои Румӣ, Саъдӣ, Носири Хисрав, Низоми Ганҷавӣ ва дигар мутафаккирон бузургии Парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ васф шудааст.

Дар таърихи давлатдории тоҷикон марҳилаи арҷгузории Парчам аз «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ дар бораи корномаи Коваи оҳангар, ки дар қатори мардуми осоишта ба меҳнати ҳалолу покиза умр ба сар мебурд, ба мушоҳида мерасад. Коваи оҳангар аз зулму ситами Заҳҳоки морон, ки дар баробари ҷавонони зиёди кишвар ҳабдаҳ писари ӯро низ тӯъмаи моронаш карда буд, ба дод омада, чун нишони эътироз пешдомани чармии худро бар сари найза кашида, мардумро ба шӯриш даъват мекунад ва пирӯзӣ ба даст меоварад. Баъди ин шӯриш Заҳҳок сарнагун ва шоҳ Фаридун сари тахт омада, пешдомони Коваи музаффар «Ковиёни Дирафш»-ро ҳамчун парчам пазируфта, бо зару зевар меорояд ва муқаддас медонад.

Чун сухан аз таърихи парчамдории халқи тоҷик ва корномаи Коваи диловар рафт, ба хотир шоҳасари ҷаҳонии Фирдавсӣ «Шоҳнома»-и безавол меояд, ки намунаи осори барҷастаи ватандӯстию тарғибгари некию мардонагӣ буда, аз муборизаи қаҳрамонони миллии халқи тоҷик ёдовар мешавад.

Саҳифаҳои таърих ин рӯйдодро ба қайд гирифта, минбаъд он намунаи ифтихори ватандӯстонаи мардумони мо муаррифӣ гардидааст. Аз ин рӯ, парчами Коваи оҳангар дар зеҳни мардуми ориёӣ то имрӯз ҷалолу ҳашамати таърихии худро гум накарда, боз ҳам қадру манзалаташ афзун мегардад. Аз он айём нисбат ба Парчам ҳамчун рамзи мубориза барои озодӣ, ваҳдату ягонагӣ ва давлатдории аҷдодон садоқати мардумӣ зиёдтар гардид.

Бо ба даст овардани соҳибихтиёрӣ 24 ноябри соли 1992 дар  Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз  ҷумла Парчам қабул гардида, бо нишони эҳтирому садоқат ба  он рӯзи 24 ноябр дар кишварамон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардид.

parchami-kishvar

Аз варақгардонии таърихи халқи тоҷик маълум мегардад, ки парчам ҳамчун муқаддастарин сармояи давлат, як ҷузъи муҳими таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик арзиш дошта, нишонаи нангу номус, ифодагари ҳастию пояндагии давлат ва арзишмандтарин сарвати давлатдорӣ ба шумор меравад.

Парчаме, ки дар маркази ҷумҳурӣ қомат афрохтааст, дар китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардидааст. Бунёди он аз эҳтироми муқаддасоти миллӣ ба ин рамзи давлатӣ шаҳодат медиҳад.

Муқаддас будани Парчам дар он зоҳир мегардад, ки инсоният онро барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худ дар ҳар давру замон барои мубориза баҳри ҳаёти осоишта, таъмини баробарию баробарҳуқуқӣ ва барқарорсозию тантанаи адлу адолат баланд мебардорад.

Қадршиносӣ аз давлату Парчам ва ифтихор аз гузаштаву имрӯз ва фардои халқ яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди интихоб ё таъйин гардидан ба мансабҳои ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ шахси мансабдор ё хизматчии давлатӣ аз Президенти кишвар то сарбози оддӣ   пеш аз шурӯъ ба иҷрои вазифа бо тартиби муқарраргардида савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунад. Чун қоида дар ҷойи баргузории маросими қасамёдкунӣ Парчам гузошта мешавад, ки эҳсоси муҳаббату садоқат ба Парчамро бори дигар собит менамояд.

Фикр мекунам, ки эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. Ҳисси ифтихор аз парафшонии Парчам бояд дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо ҷой дошта бошад.

Мехоҳам дар бораи такмили қонунгузорӣ дар ин самт чанд сухан гӯям.

Воқеан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 2005 қабул шудааст, Парчам, Нишон ва Суруди миллиро рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст. Дар Қонуни мазкур тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ муқаррар карда шудааст.

Дар моддаҳои 5-6  Қонуни мазкур ҷой ва тартиби ба таври доимӣ афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Моҳи сипаригардида меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» такмил дода шуданд.

Мутобиқи он ба моддаҳои 5 ва 6 Қонуни номбурда илова ворид гардида, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодаи Парчам дода шудааст.

Бо қабули меъёри мазкур шаҳрвандони кишвар ҳуқуқ пайдо мекунанд бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ аз ин рамзи асосии давлат истифода намоянд.

Муқаррароти мазкур шаҳрвандонро ба эҳтирому қадршиносии Парчами Тоҷикистон ҳидоят менамояд.

Аз фурсат истифода намуда, кулли ҳамватанонро бо фарорасии ин ҷашни миллӣ самимона муборакбод намуда, барояшон сиҳатмандиву саодати рӯзгор ва иқболи неку пирӯзиҳоро таманно дорам. Бигзор ҳамеша сулҳу субот, ободиву осоиштагӣ дар кишвар устувору парчами Тоҷикистони азизамон ҳамеша парафшон бошад.

 

Мавлуда Қаландарзода,

Вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 21, 2016 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд