Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон: яке аз сарчашмаҳои таърихии пайдоиши констутсияҳо дар ҷаҳон Эъломияи машҳури Куруши Кабир аст!

Ноябрь 5, 2016 10:02

Душанбе, 05.11.2016./АМИТ «Ховар»/. Яке аз сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва пайдоиши конститутсияҳо —  ин Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир аст. Эъломияи мазкур соли 539-уми пеш аз мелод аз ҷониби шоҳ Куруш – асосгузори воқеии давлати Ҳахоманишиён қабул гардидааст.

Эъломияи Куруши Кабир бо номи «Силиндри Куруш» маълум ва  машҳур аст. Матни Эъломия бо забони аккадӣ боқӣ мондааст. Эъломия дар шакли гилнавишти силиндрмонанд тартиб дода шудааст.

Эъломияи Куруш яке аз манбаъҳои муқаддаси давлати Ҳахоманишиён мебошад, ки дар он ҳуқуқ ба озодии эътиқод, озодии ҳаракат, интихоби манзил, ҳуқуқ ба моликият ва ғайра ба таври возеҳ дарҷ карда шудаанд. Меъёрҳои Эъломияи Куруши Кабир то имрўз моҳияти худро гум накардаву истифодашавии онҳо дар санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (10-уми декабри соли 1948 карда қабул шудааст) ба чашм мерасад.

kurushi-kabir-0Пас аз қабули Эъломия Куруш на танҳо дар байни мардуми худ, балки дар миёни мардумони мамолики олам нуфузи бештарро соҳиб мешавад ва дар баробари бузургони давру замонҳо қарор мегирад. Академик Бобоҷон Ѓафуров дар китоби “Тоҷикон” чунин навиштааст: “Ҳахоманишҳо бар хилофи подшоҳони пешини замони Шарқи қадим, нисбат ба оину мазҳабҳои сойири халқҳо хеле бо таҳаммул муносибат карда, ҳатто маъбаду калисоҳои кишварҳои мухталифро ба мисли ибодатхонаҳои Бобул ва Яҳудистон дубора барқарор намуданд. Хусусан, асосгузори давлати Ҳахоманишҳо Куруш шуҳрати зиёд пайдо карда буд. Форсҳо ўро ҷадди кабир, бобулиҳо расули худои Мардук, юнониҳо раҷули бузурги давлат ва яҳудиён наҷотбахши худо Яҳве номида буданд”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора зикр намудаанд: «Ҳарчанд илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист».

Ҳамин тариқ, Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир нахустсанадест дар таърихи низоми муносибатҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқ ва озодии виҷдон, ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил ва татбиқи он. Ин ҷо таваҷҷӯҳи Шуморо ба матни Эъломияи Куруши Кабир, ки ифодакунандаи моҳияти низоми демократии давлатдорист, ҷалб менамоем: «Ман эълон мекунам, ки ҳар кас озод аст, ҳар дину оинеро, ки майл дорад, баргузинад ва дар ҳар ҷо, ки мехоҳад, сукунат намояд. Ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад, интихоб намояд, танҳо ба шарте, ки ҳаққи касеро поймол нанамояд ва зараре ба ҳуқуқи дигарон нарасонад».

Дар ин эъломия се арзиши демократӣ — озодии дину мазҳаб, озодии интихоби ҷойи зист, поймол накардани ҳуқуқи каси дигар инъикос ёфтааст. Ин меъёрҳо дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки 10 декабри соли 1948 қабул шудааст, ҳамчун мундариҷа истифода шуда, барои тамоми кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид сарчашмаи арзишҳои инсонӣ ва раҳнамои ҳуқуқӣ ба ҳисоб мераванд.

kurushi-kabir-1

Бо гузашти солҳо, ҳар давлате, ки арзи вуҷуд кард, сарқонуни худро қабул намуд. Зеро, он асоси рушди кишварҳоро дар тамоми самтҳо таъмин менамояд. Сарқонун ҳукми шиносномаи ҳар давлату миллатро дорост. Дар он номи расмии давлат, сохти давлатдорӣ, тарзи ташкили марзиву ҳудудӣ, асоси ҳуқуқии давлат ва дигар муносибатҳои ҳуқуқӣ сабт мегарданд.

Дар кишвари мо низ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6-уми ноябри соли 1994 қабул карда шудааст) кафолати воқеии муносибатҳои ҳуқуқиро дар ҷомеа таъмин менамояд. Он бо мақсади таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат қабул гардида, амалӣ шудани меъёрҳои он, ба ғайр аз фаъолияти бонизоми мақомоти давлатӣ, бешак, ба муносибати бошууронаи аҳли ҷомеа, ба рафтору кирдори баланди инсонӣ, ба азму иродаи мустаҳкам, нияти неку хиради азалии мардуми солору сарбаланди тоҷик вобастагии қавӣ дорад.

kurushi-kabirҶумҳурии Тоҷикистон аз давраи соҳибистиқлол гаштани худ ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳо, принсипу меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалиро пос медорад. Аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар баҳри расидан ба ин ҳадафҳо пайваста чораву тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Аз таърих мусаллам аст, ки нахустин маротиба Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ соли 1787 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қабул гардида, дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим бозид. Таърихи инсоният Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабирро хуб дар ёд дошта, дар тӯли ин таърих кишварҳо ҳангоми таҳияи конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба ҳуқуқи инсонҳо онро мавриди истифода қарор додаанд. Ва мо аз ин, албатта, ифтихор мекунем.

Дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло  дар шеъри нави худ, ки дар зер пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад, аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ёд кардааст.

konstitutsiya

kamol-nasrullo-66

Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон

ТОҶИ ДУНЁСТ ТОҶИКИСТОНАМ

(Ба бузургдошти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Миллати мост, к-аз Курӯши Кабир

Монда бар ёдгор Сарқонун.1

То Ҳуқуқи Башар шавад бунёд,

Карда ӯ асрҳо талош афзун.

Одамизод соҳиби қонун

Шуд ба ҷаҳди гузаштагони мо,

Парчами мост асрҳо парчам,

Монда аз асрҳо нишони мо.

Миллати мо ҳамеша ойина

Дошт дар пеши рӯяш аз қонун.

Хайру некиву родмардиҳо

Буд ӯро ҳамеша андар хун.

Пояҳои ҳуқуқу қонунаш

Пояҳо гашт бар Ҳуқуқи Башар,

Пайки сулҳу башорати некӣ

Дар ҷаҳон мефизояд ӯро фар.

Пояҳои ҳуқуқу қонунаш

Буда озодагиву озодӣ,

Арҷ бар ҷумла халқу миллатҳо,

Ҳамдилӣ, ҳамҷаворӣ, ободӣ.

Тоҷикистони соҳибистиқлол

Сарбаландӣ дар ин ҷаҳон дорад,

Ҳуҷҷати бахти ӯст Сарқонун,

Обрӯву фари замон дорад.

Инак озодагӣ, ҳуқуқи шахс

Шуд муқаддас дар ин диёри куҳан,

Ҳар нафас мешавад ватан обод,

Ҳар нафас мешукуфад ин меҳан.

Кишвари дунявӣ, ҳуқуқбунёд!

Кишвари бахту хайру эҳсонам!

Кишвари миллати сиришташ нек,

Тоҷи дунёст Тоҷикистонам!

——-

1.Ҳанӯз солҳои 500-уми то мелод, яъне 2500 сол пеш Курӯши Кабир-бунёдгузори давлати Ҳахоманишиҳо  Эъломияи Ҳуқуқи Башарро эҷод ва ба инсоният пешиҳод карда буд, ки  имрӯз дар роҳрави ошёнаи дуюми СММ гузошта шудааст.

Ноябрь 5, 2016 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш