Беш аз 500 нафар савганд ёд карданд, ки марзу буми Ватанро ҳимоя мекунанд
Душанбе, 1.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Мубориза бар зидди ҳама гуна хатарҳои эҳтимолӣ, бахусус терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб аз ҳар як афсару сарбоз омодабошии доимии ҳарбиро тақозо менамояд, зеро ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ аз ҳар як фарди содиқ ва бонангу номуси ин Ватан вобастагӣ дорад. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ ин садоқат ба Ватан ва Савганди ҳарбӣ мебошад»-ин суханонро аз номи Раиси КДАМ ҶТ ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ Бадридин Мирзоев дар маросими савгандёдкунии наваскарон қироат намуд.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар маросими бошукӯҳи тантанавӣ беш аз 500 нафар сарбозони навдаъватшуда дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баровардани байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ Савганди ҳарбӣ ёд карданд.
Намояндагони сарҳадии Федератсия Русия дар Тоҷикистон, собиқадорон, падару модарони сарбозон ва меҳмонон зикр намуданд, ки маҳз бо шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзӣ имрӯз дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор гардида, мардум зиндагии осоишта доранд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба афсарону сарбозон барои ба натиҷаҳои назаррас расидан аз номи Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ифтихорномаҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва медалҳои ҷашнӣ тақдим гардиданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






