Боздиди Пешвои миллат аз заминҳои Корпоратсияи “Баракат” дар шаҳри Ҳисор
Душанбе, 05.11.2016./АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти меҳнаткашон дар хоҷагии намунавӣ ва бисёрсоҳаи Корпоратсияи Баракат аз наздик шинос шуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, соли 2016 хоҷагӣ 15 ҳазор тонна ангури хуштамъ истеҳсолу ба хориҷи мамлакат содирот кардааст. Дар ин хоҷагӣ 11 навъи хуби ангур, аз ҷумла кишмиши сиёҳ парвариш карда мешавад ва имсол аз ҳосили фаровони токзор 5 ҳазор тонна мавизи хушсифат таёр намудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти намунавии боғдорон шинос шуданд. Аз майдони боғоти хоҷагӣ себҳои гуногун ҷамъоварӣ ва ба хориҷ содирот мегардад, ки аз ин ҳисоб ҳам фоидаи зиёд ба даст меояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорони пуртаҷрибаи Корпоратсияи Баракат барои фаъолияти пурсамар баҳои баланд доданд ва ба онҳо барои ҷамъоварӣ, нигоҳубин ва содироти ин маҳсулоти серхарид маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд.
Роҳбарияти хоҷагӣ бо бунёди боғоти нав 360 нафар сокини шаҳрро бо ҷойи кори доимӣ таъмин карданд, ки ин боиси аз байн бурдани мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мегардад.








Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






