Дар Академияи тенниси шаҳри Қазони Русия қуръакашии Ҷоми Конфедератсия -2017 барпо гардид

Ноябрь 28, 2016 11:43

Душанбе, 28.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи тенниси шаҳри Қазони Русия қуръакашии Ҷоми Конфедератсия-2017 оид ба футбол баргузор гардид. Дар натиҷа ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Русия, Зеландияи нав, Португалия ва Мексика, ба гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби Олмон, Австралия, Чили ва чемпиони Африқо шомил шуданд.
Бозиҳои Ҷоми Конфедератсия -2017 аз 17-уми июн то 2 июл дар 4 шаҳри Русия -Қазон, Сочи, Санкт-Петербург ва Маскав гузаронида мешаванд. Маблағи ҷоизавии ин мусобиқа 20 000 000 долларро ташкил медиҳад.

Бозии ифтитоҳӣ бо ширкати дастаҳои мунтахаби Русия ва Зеландияи нав 17 июн барпо хоҳад шуд.

Ноябрь 28, 2016 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд