Дар баъзе сохторҳои низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ омодагӣ ба зимистон қаноатбахш нест

Ноябрь 8, 2016 16:19

Душанбе, 08.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони имсола дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, роҳбарони хадамоту агентӣ, муассисаю ташкилотҳои зертобеъ ҷиҳати ҳалли камбудиҳои ислоҳшаванда супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Анвар Карамшоев, сардори раёсати корҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки бинои дастгоҳи марказии вазорат ҳоло ба шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе пайваст буда, шартномаҳои коммуналӣ ва тиббию санитарӣ таҳия ва ба имзо расидаанд. «Дар хобгоҳи вазорат, ки дар кўчаи Р. Набиев, 292 воқеъ мебошад, аслан шартномаҳо бо шабакаи барқ ва хоҷагии коммуналӣ аз тарафи истиқоматкунандагони хобгоҳ ба таври алоҳида баста шуда, маблағи он аз ҷониби онҳо ба таври алоҳида пардохт мегардад. Дар айни ҳол бом ва ҳуҷраҳои хобгоҳ пурра таъмир гардида, барои ободонии он иловатан 10 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Тавре ки маълум аст, вобаста ба таъмини иҷрои супориши мазкур тибқи дархости Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз ҷониби МД «Раёсати сохтмони асосӣ ва корҳои таъмирӣ»-и вазорат санади нуқсонии эҳтиёҷоти омоданамудани дохили бинои Борбад-71 ва нақшаи хароҷотӣ барои пайвастшавӣ ба шабакаи гармидиҳӣ таҳия гардид, ки маблағи он 294 ҳазору 867 сомониро ташкил медиҳад»,-илова намуд мусоҳиб.
Бино ба гуфтаи А. Карамшоев, дар бино дар масоҳати умумии 2449,5 м2 Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, МД «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамои касбӣ» ва МД «Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони низоми меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» ҷойгир мебошанд.
«Бояд зикр намуд, ки барои омодагӣ ба фасли сармо ва пешгирӣ аз сўхтор дар Хадамоти муҳоҷират низ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, бинои маъмурии Хадамот бо техникаи сўхторнишонӣ дар 50 ҳуҷраи корӣ муҷаҳҳаз ва воситаҳои гармидиҳӣ (кондитсионер) дар ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ фаъол мебошанд. Дар ин давра ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои сўхтор 40 адад оташнишони ОП 05, 15 адад (300 метр) лўлаи оташнишонӣ, 30 адад аломатҳои бехатарӣ аз сўхтор, 3 адад қуттӣ ва 3 адад лом барои сипари оташнишонӣ дастрас шудаанд. Дар ин радиф ҷиҳати пайваст намудани бино ба шабакаҳои гармидиҳӣ, инчунин барои таъмиру навсозӣ намудани утоқҳои корӣ бо қубурҳои обгузар ва батареяҳо, аз ҷониби агентӣ ва МД «Раёсати сохтмони асосӣ ва корҳои таъмирӣ»-и вазорат санади нуқсонии эҳтиёҷоти омода намудани дохили бинои А. Навоӣ 5/1 ва сметаи хароҷотӣ барои пайвастшавӣ ба шабакаи гармидиҳӣ таҳия гардид. Дар айни замон корҳои таъмирӣ барои пайвастшавӣ ба шабакаи гармидиҳӣ идома дошта, дар муҳлати муайян ба анҷом расонидани онҳо дар назар мебошад»,-гуфт А. Карамшоев.
Масъалаи мазкур дар сохторҳои вазорат дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе мавриди таҳлил ва омўзиш карор дода шуд. Таҳлил нишон дод, ки новобаста аз тадбирҳои андешидашуда дар баъзе аз сохторҳои низоми вазорат оид ба омодагиҳо камбудиҳои ислоҳшаванда ҷой доранд, ки ҳалли ҳарчи зудтари онҳо ба манфиати кор мебошад.

Ноябрь 8, 2016 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами Тоҷикистонро ботантана ҷашн гирифтанд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад