Дар Боку ҷаласаи 22-юми Шӯрои сарони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ ба кори худ шурӯъ кард
Душанбе, 16.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷаласаи 22-юми Шӯрои сарони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ ба кори худ шурӯъ кард. Дар ин бора агентии иттилоотии «АЗЕРТАДЖ» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, иштирокдорони ҷаласа нақши табодули иттилоот ва таҷрибаро миёни агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои аъзои ИДМ махсус таъкид намуданд.
Рӯзномаи ҷаласа як зумра масъалаҳо, аз қабили ташкили намоишгоҳи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва тарғиби Фестивали ҷавонону донишҷӯёнро, ки соли 2017 дар шаҳри Сочи доир мегардад, дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки дар кори ҷаласаи 22-юми Шӯрои сарони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори АМИТ «Ховар» Сарварой Азимова иштирок дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






