Дар Боку панҷумин Анҷумани ҷаҳонии агентиҳои иттилоотӣ оғоз шуд
Душанбе, 16.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи ниҳоии омодагии Шӯрои қарибулвуқӯи Анҷумани 5-уми ҷаҳонии агентиҳои иттилоотӣ таҳти шиори «Чолишҳои нав барои агентиҳои иттилоотӣ», ки аз ҷониби Бунёди Ҳайдар Алиев ва АЗЕРТАДЖ ташкил шуд, дирӯз дар Боку баргузор гардид. Дар ин бора агентии АЗЕРТАДЖ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои агентӣ, дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони агентиҳои «Press Association» (Британияи Кабир), «ТАСС» (Русия), «SPA» (Арабистони Саудӣ), «Associated Press» (ИМА), «KUNA» (Кувайт), «EFE» (Испания) ва инчунин дабирони кулли Созмони агентиҳои иттилоотии кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором (OANA) ва Федератсияи агентиҳои иттилоотии арабӣ (FANA) иштирок карданд.
Дар кори Анҷумани 5-уми ҷаҳонии агентиҳои иттилоотӣ муовини директори АМИТ «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарварой Азимова низ ширкат дорад.
Директори кулли АЗЕРТАДЖ Аслан Асланов дар ҷаласа дар бораи омодагӣ ба V -умин Анҷумани ҷаҳонии агентиҳои иттилоотӣ маълумот дода, зикр намуд, ки «ҳукумати Озарбойҷон ба Анҷуман чун рӯйдоди муҳим дар соҳаи ВАО таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Бунёди Ҳайдар Алиев дар масоили ташкилии баргузории V -умин Анҷуман дастгирии калон расонд».
Президенти Анҷумани ҷаҳонии агентиҳои иттилоотӣ ва агентии иттилоотии Саудӣ Абдуллоҳ ибн Фаҳд Ал-Ҳусайн ва директори иҷроияи агентии «Press Association»- Британияи Кабир Клайв Маршал ба ҳукумати Озарбойҷон барои омодагии сатҳи баланд ба V -умин Анҷуман изҳори минатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки ба зебоии Боку мафтун шудаанд.
Баъдан иштирокдорони ҷаласа роҷеъ ба рӯзномаи Анҷумани 5-уми ҷаҳонии агентиҳои иттилоотӣ ва масоили баррасишаванда табодули афкор намуданд.









Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






