Дар ДДТТ Рӯзи фарҳангии донишҷӯёни Ҳиндустон доир гардид
Душанбе, 02.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо мақсади ташвиқу тарғиби дӯстиву бародарӣ ва омӯхтани фарҳангу маданияти башарӣ рӯзҳои фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ гузаронида мешавад.
Тавре ки аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо ин мақсад дар донишгоҳ рӯзи фарҳангии донишҷӯёни Ҳиндустон- иди дивалӣ, ки аз идҳои бузург ва муқаддаси ҳиндуҳо мебошад, гузаронида шуд.
Дар барнома Бахшибек Гадоев, муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ зикр намуд, ки дар донишгоҳ 597 нафар донишҷӯёни ҳиндустонӣ таҳсил мекунанд. Ҳамчунин ӯ оид ба фаъолияти донишгоҳ дар ҷодаи равобити байналмилалӣ, бахусус ҷалбу фарогирии шаҳрвандони хориҷӣ ба таҳсил маълумот дод.
Бояд гуфт, ки дар барнома Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатх Гош иштирок намуда, ба роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати фароҳам овардани шароит ва баргузории Рӯзи фарҳангии мардуми Ҳинд изҳори сипос намуд.
Рӯзи фарҳангии донишҷӯёни ҳиндустонӣ бо сурудҳои миллии ду кишвар-Тоҷикистону Ҳиндустон оғоз ёфта, бо рақсу таронаҳои мардуми Ҳинд анҷом пазируфт.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






