Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида ба 60- солагии таъсиси он Конфронси VIII байналмилалӣ барпо мегардад
Душанбе, 1.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Конфронси VIII байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Дурнамои рушди илм ва маориф» рӯзҳои 3 ва 4 ноябри соли равон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор мешавад.
Тавре ки аз раёсати ДТТ ба номи академик М.Осимӣ хабар доданд, дар рӯзи аввали конфронс дар бинои асосии донишгоҳ намоиши дастовардҳои донишгоҳ ба тамошо гузошта мешавад.
Дар кори конфронс олимон, мутахассисон ва намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ, вазорат ва идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, инчунин омўзгорон ва аспирантони ихтисосҳои техникии муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок хоҳанд кард.
Конфронс ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 60-умин солгарди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ бахшида мешавад.
Мақсад аз баргузории конфронс мубодилаи иттилооти илмӣ-амалӣ мебошад, ки роҳҳои пешрафт ва рушди техника ва технологияи навин, рушди ҳамкории байналмилалӣ дар баланд бардоштани сифати таълим ва татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ, роҳандозии робитаҳои корӣ ва муносибатҳои тиҷоратиро дар ин самт муайян месозад.
Дар конфронс инчунин олимони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Беларус, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон ширкат мекунанд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






