Дар Хонаи адибон маҳфили шеъри Бозор Собир баргузор гардид
Вахшоб даҳанкалонӣ мекард умре,
Кафкаш ба лабон дамида ҳамчун сармаст.
Эмомалӣ худ нишаста дар булдозер,
Чоки даҳани калони дарёро баст.
Душанбе, 05.11.2016. /АМИТ «Ховар»/.Маҳз бо ин рубоӣ Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир маҳфили фарҳангиеро оғоз намуд, ки имрӯз дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки адибон ва дӯстдорони шеъру суруд баргузор гардид. Дар он иштирокдорон аз шоири дӯстдоштаашон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим саҳми Бозор Собирро дар пешрафти шеъри тоҷик басо бузург арзёбӣ намуда, чунин гуфт: «Имрӯз маҳфили шоирест, ки барои муаррифӣ ниёз надорад, зеро устод Бозор Собир шоире ҳастанд, ки ба ягон кас монанд нестанд ва шеъри хоси худро доранд. Тавре худи эшон гуфтаанд: «Худро ба мактаби худ ман ёд дода гуфтам». Дар ҳақиқат рост аст, шеъри эшон хос аст ва шеърест, ки имрӯз даҳҳо ва садҳо шоирони ҷавон аз он пайравӣ мекунанд ва мехоҳанд ҳамин хел шеър гуфта бошанд».
«Устод Бозор Собир ҳамеша ба дилҳои мо- шоирон наздик ҳастанд, зеро вақте ман шеърҳоямро барои таҳрир ба назди он кас мебурдам, хеҷ гоҳ рӯҳафтода намекарданд ва мегуфтанд, ки ин шеърат бисёр хуб аст ва ин шеъратро ками дигар тағйир додан лозим аст»,- чунин иброз дошт шоира Зулфия Атоӣ.
«Шеъри Бозор Собир тасвирӣ мебошад, вақте кас онро мехонад, тасвири шоирро дар пеши чашми худ мисли намоишнома ва филм мебинад. Дар баробари ин устод Бозор Собир аввалин шоире ҳастанд, ки дар бораи НБО-и «Роғун» шеър гуфтаанд ва шеъри тозаро ҳам маҳз устод Бозор Собир дар васфи «Роғун» навиштаанд»,- баён дошт Низом Қосим.
Дар охир адибон ва санъаткорони ҷавон аз ашъори устод Бозор Собир намунаҳо қироат карданд.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






