Дар мулоқоти Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Маҳмут Муэззиноғлу зарурат ва аҳамияти ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъкид карда шуд

Ноябрь 3, 2016 14:38

Анкара, 3.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябри соли 2016 дар Анқара мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия Маҳмут Муэззиноғлу баргузор гардид.
Дар ин бора ба мухбири махсуси АМИТ «Ховар» дар Туркия Фарангис Раҳимова аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар доданд.
Дар мулоқоти мазкур ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун мавриди муҳокима қарор гирифта, зарурат ва аҳамияти ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ таъкид карда шуд. Ҷонибҳо зимни табодули назар дар ин робита ҷиҳати густариши ҳамкории сохторҳои соҳавии ду кишвар изҳори омодагӣ намуданд.

Ноябрь 3, 2016 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад