Дар Остона ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии СААД баргузор шуд

Ноябрь 4, 2016 10:20

Душанбе, 04.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон- шаҳри Остона ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон К.Н. Қосимов баргузор гардид.
Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ҷаласа Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иштирок намуда, иброз дошт, ки «масъалаи мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъаовар тавассути сарҳади ҷанубии кишварҳои аъзои СААД яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумат, фаъолияти ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад».
ksopnИштирокчиёни ҷаласа «Нақшаи чорабиниҳои асосии Шӯрои ҳамоҳангсозии кишварҳои аъзои СААД барои солҳои 2016-2017» ва тағйир додани чорчӯбаи фаъолияти гурӯҳҳои кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, инчунин пешгӯии инкишоф ёфтани вазъи вобаста ба маводи нашъаоварро дар соли 2017-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ноябрь 4, 2016 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад