Дар шаҳри Боку ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ шурӯъ намуд
Душанбе, 23.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба кори худ шуруъ намуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Дар ҷаласаи мазкур аъзои Шӯро, роҳбарони мақомоти кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ ва дигар шахсони расмӣ иштирок доранд. Дар ҷараёни ҷаласа доир ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи байналмилалии ҳамкории ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ то соли 2020» ва нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018- 2019 баррасӣ гардиданд»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Кори ҷаласаи Шӯрои мазкур имрӯз, 23 ноябр идома ёфта, дар назар аст дар он масъалаҳои вобаста ба дастгирӣ ва рушди ҳаракати волонтёрӣ, дастгирии соҳибкорони ҷавон дар кишварҳои ИДМ, баргузории бозиҳои Делфӣ ва дигар масоил баррасӣ гарданд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






