Дастаи ҷавонони «Истиқлол» ғолиби мусобиқаи ҳайатҳои дуюми клубҳои Лигаи олӣ гардид
Душанбе, 04.11.2016 /АМИТ «Ховар»/.Футболбозони ҳайати дуюми дастаи «Истиқлол»-и Душанбе баъди бозии мавқуфгузоштаи даври 13-уми Чемпионати мамлакат ғолиби мусобиқаи ҳайатҳои дуюми клубҳои Лигаи олӣ гардиданд. Дастаро ба ин пирӯзӣ бозингари собиқи дастаи мунтахаби кишварамон Юсуф Рабиев расонид.
Мақоми дуюм ва медалҳои нуқра насиби футболбозони ҷавони дастаи «Регар-ТадАЗ» гардид. Барандаи медалҳои биринҷӣ баъди бозии дастаҳои «Барқчӣ» — « Регар-ТадАЗ» ва «Барқчӣ» — «Равшан» муайян хоҳад шуд.
Бозиҳои даври сеюм бо чунин натиҷа анҷом ёфтанд:
«Равшан» – КМВА «Помир» – 1:0
«Вахш» – «Истиқлол» – 1:1
«Ҳосилот» – «Регар-ТадАЗ» – 2:3
«Хайр» – «Хуҷанд» – 0:1
«Барқчӣ» – «Парвоз» – 3:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
| Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | ||
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 18 | 13 | 2 | 3 | 62-20 | 41 |
| 2 | КМВА «Помир» (Душанбе) | 18 | 10 | 4 | 4 | 40-21 | 34 |
| 3 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 17 | 9 | 2 | 6 | 32-26 | 29 |
| 4 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 18 | 7 | 5 | 6 | 24-25 | 26 |
| 5 | «Барқчӣ» (Душанбе) | 16 | 7 | 1 | 8 | 24-33 | 22 |
| 6 | «Хайр» (Ваҳдат) | 18 | 6 | 4 | 8 | 29-31 | 22 |
| 7 | «Вахш» (Қӯрғонтеппа) | 18 | 5 | 7 | 6 | 27-32 | 22 |
| 8 | «Ҳосилот» (Фархор) | 18 | 5 | 4 | 9 | 25-38 | 19 |
| 9 | «Равшан» (Кӯлоб) | 17 | 3 | 6 | 8 | 19-30 | 15 |
| 10 | «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) | 18 | 3 | 5 | 10 | 22-48 | 14 |








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






