Э. Раҳмон: «Ҳунармандон дар тасвирҳои ҷолиби хеш инсонро ба некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва нангу номус даъват менамоянд»

Ноябрь 11, 2016 15:15

Душанбе, 11.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Рассомон миёни намояндагони аҳли санъат баробари тарғибгари фарҳанг буданашон, инчунин, қосиди сулҳу дӯстӣ низ ба шумор мераванд. Дар асарҳои тасвирии онҳо муҳимтарин масъалаи глобалӣ, аз ҷумла инъикоси мавзӯи сулҳу дӯстӣ муҳим ва мубрам маҳсуб меёбад». Ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои роҳи абрешим» иброз доштанд.
Пешвои миллат баён намуданд, ки дар бештари асарҳои рассомони муосир, сарфи назар аз миллату мазҳаб, мавзӯъҳои мазкур аҳамияти бузург касб карда, тақдири имрӯза ва ояндаи инсоният дар онҳо тавассути рангҳо ифода меёбад ва масъалаи сулҳу дӯстии мардумони сайёра дар маркази тасвирҳои нозук қарор мегирад.
«Ин ҳунармандон дар тасвирҳои ҷолиби хеш инсонро ба некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва нангу номус даъват менамоянд ва мазмуну мундариҷаи асарҳояшонро масъалаҳои муҳими рӯз, аз қабили нафрат ба ҷанг, таҳаммулгароӣ ва тараҳҳум ба инсон, сулҳу субот ва дӯстиву ҳамкорӣ ташкил медиҳанд»,- гуфтанд Президенти кишвар ва афзуданд, ки «Асоси офаридаҳои рассомон ба фалсафаи ҳамзистии инсон алоқамандӣ дошта, дар онҳо муаммоҳои имрӯзаи ҷомеа, зебоиҳои табиат ва вобаста ба ин, ҳифзи муҳити зист тасвир ёфтаанд, ки бешубҳа, арзиши баланди тарбиявӣ доранд».

Ноябрь 11, 2016 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад