Эмомалӣ Раҳмон: «Тарҳи инфрасохтории дуруст ба нақша гирифташуда ҳамзамон метавонад дар ҳалли чандин масъалаҳои ҳаётан муҳим мусоидат намояд»

Ноябрь 30, 2016 09:02

31202617871_e6840360be_zДушанбе, 30.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки дар доираи Саммити оби Будапешт баргузор гардид, дар хусуси сармоягузорӣ ва таҷдиди инфрасохторҳои соҳаи об изҳори назар карданд.
«Сохтмони обанборҳо имкон медиҳад, ки на танҳо тавлиди неруи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ тоза роҳандозӣ шавад, балки дар шароити тағйирпазирии иқлим танзими ҷараёни боэътимоди об ва ҳифзи аҳоливу заминҳо аз селу обхезиҳо таъмин гардида, шиддати таъсири хушксолиҳо ва партови газҳои карбон ба фазо ба таври назаррас паст карда шавад», — таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Яъне, тарҳи инфрасохтории дуруст ба нақша гирифташуда ҳамзамон метавонад дар ҳалли чандин масъалаҳои ҳаётан муҳим мусоидат намояд. Маҳз бо ҳамин мақсадҳо, мо дар баробари такмили қонунгузорӣ ва асосҳои ниҳодии идоракунӣ ба Барномаи ислоҳоти бахши оби Тоҷикистон масъалаи рушди инфрасохтори обро ворид кардем. Ба ҳалли ин масъала зиёда аз ҳаштод фоизи маблағҳои пешбинишуда равона карда мешавад», — омадааст дар матни суханронии Пешвои миллат.
Сарвари давлат изҳор карданд: «Мо итминон дорем, ки ин амалҳо ба кишвари мо имкон медиҳанд, ки як қадами назаррас дар шоҳроҳи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор гузорад. Изҳори умедворӣ менамоям, ки ниҳодҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ ва кишварҳои донорҳо ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи талошҳои мо дар ин ҷода мусоидати худро дареғ нахоҳанд дошт».

Ноябрь 30, 2016 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик