Фурӯши ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ манъ карда шуд

Ноябрь 23, 2016 17:15

Душанбе, 23.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Директори генералии ҶДММ «Азия-Сет» шаҳрванд «Б.Ҳ.» қасдан даст ба ҷиноят зада, тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон молу маҳсулоти ҳаҷман калонро пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ, бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди Тоҷикистон кардааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, изҳор карданд, ки ҷинояти мазкур аз тарафи кормандони раёсати мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамот ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ ошкор карда шудааст.
Тибқи хабари Хадамоти гумрук директори генералии ҶДММ «Азия-Сет» давоми моҳҳои май-ноябри соли 2016 аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба воситаи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе телефонҳои мобилии гаронарзишро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қочоқ ворид намудааст.
18 ноябри соли 2016 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони раёсати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дохили дафтари ҶДММ «Азия-Сет» 753 адад телефонҳои мобилии гуногунтамға, ки ба қаламрави гумрукии мамлакат бидуни барасмиятдарории гумрукӣ, яъне ғайриқонунӣ ворид шуда буданд дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Арзиши гумрукии телефонҳои мобилӣ 1 миллиону 824 ҳазору 841 сомониро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба «Б.Ҳ.» ва ҳамроҳонаш бо моддаи 289 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи генералӣ ирсол гардидааст.
Инчунин, 8-уми ноябри соли 2016 ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар «Маркази савдои Тоҷикистон» муайян карда шуд, ки аз тарафи 8 нафар соҳибкорон 276 адад телефонҳои мобилӣ ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ, яъне бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ворид ва ба фурӯш бароварда шудаанд. Арзиши гумрукии 276 адад телефони мобилии ғайриқонунии ба фурӯш баровардашуда 390 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур бо моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонпарвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеият барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуданд.

Ноябрь 23, 2016 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ХОРУҒ — БОҒШАҲРЕ ДАР ЛАБИ ДАРЁ. Тавсифи ин шаҳр аз нигоҳи Константин Симонов
Пагоҳ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МЕРОСИ МО». Муассисаи фарҳангии ЭКО нахустин ҷашнвораи байналмилалии аксбардории мобилӣ баргузор менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад