Хатсайри парвозҳои ширкати «Тоҷик Эйр» васеъ мегардад
Душанбе, 09.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 ноябри соли равон ширкати «Тоҷик Эйр» хатсайри нави парвозҳоро ба самти Душанбе Сургут- Душанбе оғоз кард. Парвоз бо хатсайри нав дар як ҳафта як маротиба- рӯзҳои якшанбе тавассути самолёти навъи «Boeing 737-300» сурат мегирад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев иттилоъ дода, зикр кард, ки ҳамчунин шурӯъ аз 13 ноябри соли равон аз «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» парвозҳо ба самти Хуҷанд-Нижневартовск-Хуҷанд сурат мегиранд. Парвозҳо аз фурудгоҳи Хуҷанд дар ду ҳафта як маротиба-рӯзҳои якшанбе бо самолёти навъи «Boeing 737-300» амалӣ мешаванд ва вақти парвоз дар ин самт ҳамагӣ 3 соату 30 дақиқаро дар бар мегирад.
Бояд гуфт, ширкати ватании «Тоҷик Эйр» аз ибтидои моҳи январ шумораи парвозҳоро ба самти Душанбе- Деҳлӣ- Душанбе зиёд намуда, акнун мусофирон метавонанд дар як ҳафта ду маротиба- рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа ба Ҳиндустон сафар дошта бошанд.
Дар назар дошта шудааст, ки ширкати «Тоҷик Эйр» парвоз бо хатсайрҳои Душанбе- Урумчи- Душанбе ва Душанбе-Пекин-Душанберо дубора барқарор кунад. Дар ин самт корҳои ташкилӣ фаъолона идома доранд.
Васеъ гардидани хатсайри парвозҳои ширкати ватании «Тоҷик Эйр» барои рафтуомади сокинони мамлакат ба хориҷи кишвар ва ворид шудани шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат мекунад.








Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






