Имрӯз дар Душанбе борон меборад

Ноябрь 3, 2016 10:10

Душанбе, 3.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок дар назар дошта шуда, охири рӯз борон меборад. Чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 9 то 11 дараҷа ва рӯзона аз 27 то 29 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ доданд.
Бо такя ба маълумоти мутахассисони ин ниҳод, имрӯз дар вилояти Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар охири рӯз борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5 дараҷа ва рӯзона аз 15 то 20 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 6 то 11 дараҷа сард ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа гармӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок, дар охири рӯз бориши борони кӯтоҳмуддат пешгӯйӣ гардидааст. Чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад ва шиддатнокӣ дар баъзе ҷойҳо аз 17 то ба 22 метр мерасад. Гармии ҳаво шабона дар водиҳо аз 13 то ба 18 дараҷа ва рӯзона аз 26 то ба 31 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешбинӣ шуда, дар охири рӯз боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 13 то 18 дараҷа ва рӯзона аз 18 то 23 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар охири рӯз борон меборад. Чангу ғубор ба амал меояд. Вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония ва шиддатнокӣ дар баъзе ҷойҳо аз 13 то ба 18 метр дар як сония мерасад. Дар водиҳо шабона аз 7 то 12 дараҷа ва рӯзона аз 24 то 29 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 3, 2016 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст