Иштироки амири Риёз дар ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Душанбе, 29.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар кишвар ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид, ки дар он амири ин шаҳр Файсал ибни Бандар ибни Абдулазиз иштирок намуд.
Файсал ибни Бандар ибни Абдулазиз Сафири Тоҷикистон дар Риёз Заробиддин Қосимӣ ва тамоми меҳмонону ҳозиринро ба муносибати ин санаи фархунда таҳният гуфта, хоҳони рушди бештари ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ гардид.
Дар маросим ҳамчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ ва намояндаҳои корпусҳои дипломатии дигар кишварҳои муқими Риёз иштирок намуданд.
Дар маросим Амири шаҳри Риёз аз намунаҳои дастовардҳои Тоҷикистон тӯли Истиқлолият ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дидан намуд.









Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






