Конститутсия ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд

Ноябрь 3, 2016 10:26

Нуробод, 03.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод дар мавзӯи «Конститутсия- бахтномаи миллат» конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд.
Дар конфронс зиёиёну фаъолон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иштирок намуда, оид ба аҳамияти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии конститутсия, таҳкими равандҳои демократикунонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ сухан гуфтанд.
Ба таъкиди иштирокдорон, Конститутсия ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояву ҳифзи онҳо мусоидат намуда, барои рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

Ноябрь 3, 2016 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид